- тез
- [تيز]1. бурро, буранда (корд, шамшер); муқоб. кунд2. нӯги ҳар чизе, ки борик ва тунук тарошида шуда бошад3. зуд, бошитоб; тезтар биёед ҳаял накунед4. сареъ; сареъгуфтор, суръатнок5. он чӣ таъм ва бӯяш забон ва димоғро ба сӯзиш меорад, тунд6. маҷ. одами тундмиҷоз, зудхашм; он ки зуд аз ҳолати эътидол баромада, асабӣ мешавад; тезу тунд бо касе бо хашм рафтор кардан, бо муҷодала пардохтан бо касе; ақли зеҳни тез зудфаҳм, ҳушёр, зуд дарёбанда; бозори тез бозори часпон, серхаридор; забони тез маҷ. гуфтори тунду талхи нешдор; нигоҳи тез нигоҳи гиро, нигоҳи пуртаъсир; нигоҳи тунди хашмолуд; нури тез рӯшноии баланди нуфузкунанда, рӯшноии баланд; оташи тез оташи баланд, оташи сӯзон; қуллаи тез қуллаи нӯгборик; тез кардан а) чарх доштан, сӯҳон кардан, бурро гардонидан (лаб ё нӯги чизеро монанди корд, найза ва ғ.); б) барангехтан, шӯрондан касеро бар зидди касе; хашмгин (асабонӣ) кардан; тез шудан а) бурро шудан, буранда гардидан; б) ба шӯр омадан, хашмгин шудан; оташин шудан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.